Ҳукумати Тоҷикистон супориш дод, ки истифодаи мақсадноки молу масолеҳи воридшуда барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” дар шаҳри Душанбе зери назорат гирифта шавад.

“Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон анҷоми расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи молу масолеҳеро, ки барои сохтмони иншооти дар боло зикршуда ворид карда мешаванд, таъмин кунад”, - қайд мешавад дар қарори рӯзи 1 май қабулшуда.

Дар санад таъкид мешавад, ки фармоишгари иншоот ҷамъияти саҳҳомии «Доллмарк Лтд» ва паймонкори кулл – «Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd» мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ба сохтмони меҳмонхонаи мазкур ҳамасола имтиёзҳои андозӣ дода мешаванд. Имсол сохтмони он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда шудааст.

Маросими оғози сохтмони меҳмонхона 15 марти соли 2006 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии Рӯдакии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

Нахуст зикр гардида буд, ки сохтмони иншоот дар муддати якуним сол пурра ба охир мерасад, лекин 14 сол инҷониб идома дорад.

Фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, ба иҷрои корҳои сохтмон дар он ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” машғул аст, ки ба он Раҳматулло Саъдуллоев, бародари раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябри соли гузашта дар бинои меҳмонхонаи сохтмонаш нотамоми  панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-127 сӯхтор ба амал омад. Сабаби сар задани сӯхтор дар меҳмонхона истифодаи нодурусти нерӯи барқ аз ҷониби бинокорон унвон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.