Ҳафтаи равон дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба ватан баргардонида мешаванд.

Дар саҳифаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Facebook қайд мешавад, ки бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

“Дар марҳилаи аввал ба баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз мешавад”, - зикр мегардад дар маълумоти сафорат.

Ҳамзамон, сафорат иттилоъ медиҳад, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русиядар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дошта, масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, намояндагии дипломатӣ аз ҳамватанони дар Русия қарордошта дархост намудааст, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд.

Гуфта мешавад, дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, хоҳишмандем тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия, ки дар зер нишон дода шудааст, тамос гирифта шавад.

ш. Москва:

 📞  +7 (926) 411 09 61

 📞  +7 (995) 501 87 33

 📞  +7 (985) 740 02 12

 📞  +7 (495) 690-41-86

ш. Санкт-Петербург:

📞+7 (961) 611 16 17

📞+7 (812) 490 47 46

ш. Уфа:

📞+7 (347) 276 52 96

📞+7(927) 231 71 71

📞+7(927) 945 65 66

ш. Екатеринбург:

📞+7 (343) 370 23 60

ш. Новосибирск:

📞+7 (913) 487 38 22

📞+7 (383) 349 59 70.

Ёдрас мекунем, ки аз 18 март Русия вуруди хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандиро маҳдуд карда, Тоҷикистон аз 19 март ҳамаи фурудгоҳҳояшро барои парвоз баст. Дар натиҷа садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия, инчунин Туркия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо имкон наёфтанд, ки ба ватан парвоз кунанд.

Охири моҳи апрел як қисме аз шахсоне, дар маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Екатеринбург қарор доштанд, ба ҷисми худ осеб расонида, ихроҷи таъҷилиро ба ватан талаб карданд. Он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд, ки шуморашон дар ин марказ 100 нафарро ташкил медод.

Ба ватан баргардони шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун аз 20 май шурӯъ шуд. Дар ин рӯз ширкати “Тоҷик Эйр” 213 нафар шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистон ва 28 ҷасади ҳамватанонро аз Маскав ба Душанбе овард. Сипас боз якчанд хатсайрҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия, Туркия ва Украина ба ватан баргардониданд. Рӯзи 29 май бо як хатсайр аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.