Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморону сироятёфтагон тадбирҳои иловагӣ андешад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси ҳукумат президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин ҷиҳати таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба миқдори зарурӣ, дастгирию кумаки пайвастаи кормандони соҳаи тандурустӣ дастур дод.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар хабари дафтари матбуоти сарвари давлат дигар дар бораи баррасии вазъи вобаста ба пандемия дар ҷумҳурӣ маълумот дода нашудааст.

Гуфта мешавад, зимни ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҷлис доир ба ҷараёни сохтмон дар минтақа зикр шуд, ки дар қаламрави вилоят бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 3901 иншоот корҳои сохтмонию навсозӣ аллакай анҷом ёфтааст.

“Аз шумораи умумии ин иншоот 3210 иншоот аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз ин ҳисоб дар вилояти Хатлон давоми солҳои 2018-2020 қариб 16 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шудааст”, - маълумот дод раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода

Ба таъкиди раиси вилоят аз шумораи умумии иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону навсозияшон тарҳрезишуда, 603 иншооти соҳаи маориф, 941 иншооти соҳаи тандурустӣ, 210 иншооти фарҳангӣ ва 590 иншооти варзишию солимгардонӣ ба ҳисоб мераванд.

Аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.


Гуфта мешавад, дар кори маҷлис вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024 ва вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода доир ба Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2020-2025 ҳисобот доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.