Президенти Тоҷикистон лоиҳаи тағйиротро ба Кодекис андози ҷумҳурӣ, ки мувофиқи он ҳаҷми андозбандии дармонгоҳҳои хусусии тиббӣ ба таври назаррас кам мешавад, ба баррасии парлумон фиристод.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон хабар дод, президент аз парлумон аз 18% то ба 5% кам кардани андоз аз арзиши иливашударо барои дармонгоҳҳои хусусии тиббии Тоҷикистон дархост намуд.

Ғайр аз ин, ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйиротро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ низ ба баррасии парлумон пешниҳод кардааст.

Дар тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёд шудани ҳаҷми ҷарима барои соҳибкории ғайриқонунӣ пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар парлумон, агар тағйирот аз ҷониби вакилон дастгирӣ шавад, ҳаҷми ҷарима барои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аз 1 ҳазору 740 сомонии ҳозира то ба 5 ҳазору 800сомонӣ зиёд шуда метавонад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш як гурӯҳ вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар тасҳеҳ ворид карда шавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дода буд, мувофиқи ин ташаббуси вакилон, барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” ҷарима ҷорӣ кардан зарур аст.

“Вакилон бо сабаби дар кишвар на аз ҷониби ҳама риоя шудани қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҳатман ниқоб доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва нақлиёт, ин масъаларо ба миён гузоштанд”, - қайд карда буд манбаъ.

Гурӯҳи вакилони мардумӣ ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бахши риояи қоида ва меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва санитариву эпидемиологӣ низ пурзӯртар карда шавад.

Айни замон барои риоя нашудани ин меъёрҳо ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Вакилон боло бурдани ҳаҷми ин ҷаримаро ба маблағи аз 174 то 406 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо шахсоне, ки бе ниқоб гаштугузор мекунанд, танҳо суҳбат гузаронида, онҳоро огоҳ мекунанд.

Вобаста ба пандемия дар Тоҷикистон расман карантин эълон нашуда, лекин рӯзи аввали эълони ҳолатҳои аввали ошкор шудани сироят дар кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 қарор кард, ки пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои ҳама шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.