Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки то оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки аз 1 октябр оғоз мегардад, омӯзиши шаҳрвандони синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ ва шумораи дақиқи даъватшавандагон муайян карда шавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, рӯзи 9 июн қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020” ба имзо расид.

Дар қарор гуфта мешавад, ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 сентябри соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, барои муолиҷаи онҳо дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синнусоли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дастур дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.