Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷорисозии ҷаримаро барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО дар назар дорад, маъқул донистанд.

Аз тағйироту иловаҳои мазкур аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ғайр аз ин, дар иҷлосия тағйироту иловаҳое, ки мувофиқи онҳо ҷорӣ кардани ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО пешбинӣ шудааст, низ тасдиқ гардиданд.

Тағйироту иловаҳо баъд аз имзо кардани раисҷумҳур ва нашр дар ВАО-и давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.