Сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд идома дорад. Рӯзи 2 июл ӯ дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок карда, бо фаъолияти чанде аз хоҷагиҳо шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки президент марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маҳаллаи Тиллокони Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшид.


Ин хати обрасон зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15-и шаҳри Хуҷандро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мекунад.

Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ татбиқ гардида, дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун беш аз 16 млн сомонӣ харҷ шудааст.

Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали ин лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4-и КВДК «Хуҷандобуканал»-ро дар бар мегирад,  дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, 4 ҳавзи бузург бо ғунҷоиши 6 ҳазор метри мукааб об, як адад пойгоҳи обкашӣ бунёд  ва  2 ҳазору 900 метр қубурҳои қутрашон аз 355 то 500 миллиметр васл  гардиданд.

Барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ ду адад трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт-ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст.

Ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», ки дар маҷмӯъ 4 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 100 млн сомонӣ сарф карда мешавад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди ду ҳавзи бузург - ҳар кадом бо ғунҷоиши 3 ҳазор метри мукааб об, васлу насби қубурҳои ба фишори баланд тобовар ва тақсими оби нӯшокӣ дар дохили маҳаллаҳо бо истифода аз қубурҳои қутрашон аз 75 то 400 миллиметраро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи сеюм ва чорум бошад, кашидани хати оби нӯшокӣ бо қубури қутраш 1000 миллиметра аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд дар назар аст, ки масофаи он 18 километрро дар бар мегирад.

1/3

Дар идома сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён» шинос шуд.

Корхонаи мазкур соли 1992 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, солҳои баъдӣ тамоман аз фаъолият бозмонд. Акнун корхона пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он таҷҳизоти нав насб шуд.

Корхонаи «Суғдиён» бо чандин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Русия ва «Бил Бом Бо»-и Беларус шартномаҳои ҳамкорӣ имзо карда, барои кӯдакон ва калонсолон либосҳои зебою шинам медӯзад.

1/7

Дар ин ҷо ба президент лоиҳаи корхонаҳои истеҳсоли шишаи сохтмонию маишӣ ва рангубори ресмони пахтагин, ки аз ҷониби ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» муаррифӣ шуд. Корхонаи истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва маишӣ бо харҷи 22 млн доллар ва корхонаи рангубори ресмони пахтагин - 2,5 млн доллар сохта мешавад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти  коргоҳи нави ҳасиббарории ҶДММ "Ширкати Азизӣ" оғоз бахшид.

1/10

Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1», ки бо дастгирии ҳукумат пурра таъмиру таҷдид гардидааст, ба истифода дода шуд.

1/6

Дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» шинос шуд. Хоҷагӣ соли 2019 ташкил гардида, фарогири 4,3 гектар замини корами обӣ мебошад.

1/15

Дар ҷамоати деҳоти Деҳмой сарвари давлат бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуд. Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад ва дар масоҳати 0,09 гектар гармхона сохта, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт кардааст.

1/11

Дар Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов сарвари давлат бо ҷараёни парвариши қаламфури булғорӣ шинос шуд. Хоҷагӣ аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон асосан ба парвариш ва нигоҳубини қаламфури булғорӣ машғуланд.

1/5

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили “Баҳри Тоҷик” воқеъ аст, аз наздик шинос шуд. Бино бо лоиҳаи ҷолиб сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

1/7

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.