Имрӯз, 13-уми июл таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи кории ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки аъзои он, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва сохторҳояш, инчунин роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷаласа масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарию гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи шахсони маъсул – муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба тадбирҳои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, вазъи корҳои кишоварзӣ, ғунучини ҳосил, рафти татбиқи супоришҳои ҳукумати кишвар оид ба афзоиш додани майдони кишти картошка, таъмини бозори дохилӣ, содироти меваҷот ва сабзавот ба хориҷи мамлакат, омодагӣ ба кишти такрорӣ, тайёрии ташкилоту муассисаҳо ба давраи зимистони солҳои 2020-2021, иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодасозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави хониш шунида шуд.

Раисҷумҳур зимни суханронӣ таваҷҷуҳи аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард. Ӯ ба ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш дод, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ супоришҳо дода шуд. Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода кунанд.
1/5

Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба истеҳсоли маҳсулот, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъмини бозори истеъмолии дохили кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол, истифодаи босамари гармхонаҳо, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, картошка, васеъ кардани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, захираи маводи озуқаворӣ дар сардхонаҳо ва таъминоти меваҷот дар бозорҳои дохилӣ ба масъулин дастур дода шуд.

Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш дода шуд, ки оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хӯрокворӣ дар хонаҳоро бештар тарғиб кунанд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омодасозаии иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омодасозаии марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021 супоришҳои мушаххас дод.