Ҳукумати Тоҷикистон номгӯйи маҳсулоти зери карантин қароргирифтаро тасдиқ кард, ки ба он 145 номгӯйи маҳсулот дохил шуд.

Маҳсулоти ба ин номгӯй воридшуда бояд аз карантини давлатии фитосанитарӣ дар постгоҳҳои сарҳадӣ гузарад. Дар ин бора хабаргузории Avesta.Tj иттилоъ медиҳад.

Қарори дахлдор дар ин хусус охири моҳи июни ҳамин сол қабул шудааст.

Ба номгӯйи маҳсулоти зери карантин, аз ҷумла шири хушк, харбузу тарбуз, банан, ситрусиҳо, картошка, помидор, қаҳва, чой аз Парагвай, равған аз тухми офтобпараст, орди гандум ва ғайра дохил шудаанд.

Дар замима ба ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ба номгӯй маҳсулоте ворид шудааст, ки метавонад сарчашмаи пайдоиши организмҳои зараровар гардида, ба паҳншавии онҳо мусоидат намояд.

Мувофиқи қонуни Тоҷикистон дар бораи карантин ва ҳифзи рустаниҳо, маҳсулоти зери карантин қароргирифта дар постгоҳоии назоратии сарҳадӣ санҷида мешавад.

Дар қонун қайд мешавад, ки агар маҳсулоти зери карантин қароргирифта аз организмҳои зараровар сироят ёфта бошад, дар постгоҳҳои назоратии Тоҷикистон пас аз баргузории санҷиш ба хатарнокии фитосанитарӣ бояд фумигатсия (тамйиз) карда шавад, яъне зараррасонҳо ва барангезандгони бемориҳо ба воситаи заҳролудкунии онҳо бо буғҳои заҳрдор ё газҳо нобуд карда шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.