Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 15 июл иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар он аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт дар шаш моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуданд.

Дар иҷлосия таъкид шуд, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар кишвар ва саросари дунё, дар давраи сипаришуда Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3% афзуда, 6, 7 миллиард сомониро ташкил дод.

Рустами Эмомалӣ ҷиҳати назорати қатъӣ аз болои сифати корҳо дар иншшоти мавриди сохтмон қарордошта дар пойтахт, таваҷҷуҳ ба бунёди иншооти нав дар соҳаи саноат, таъмини тартиботу тозагӣ дар бозор ва нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дод.

Вакилон сарҳадҳои нави шаҳри Душанберо тасдиқ карданд. Ба ин тариқ, қаламрави шаҳр аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба масоҳати 7,66 ҳазор гектар афзуда, ба 20,32 ҳазор гектар баробар шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.