Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бемории сироятии COVID-19 ба иқтисоди вилоят таъсири манфии худро расонидааст.

“Гардиши савдои хориҷӣ дар 6 моҳи соли равон ба 144 миллион доллари амрикоӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 82% ё 31,7 миллион доллар кам мебошад. Аз ҷумла, содироти мол 61 миллион доллар, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллион доллар кам аст, воридоти мол 83 миллион ва нисбат ба шашмоҳаи соли гузашта 15,2 миллион доллар поин рафтааст”, - гуфт раиси вилоят.

Беш аз 1,3 ҳазор бемори COVID-19

Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки аз аввали пайдоиши коронавирус дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 357 нафар гирифторони бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуданд.

“Аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии коронавирус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри пешгирӣ кардани паҳншавии минбаъдаи бемории коронавирус тадбирҳои зарурӣ андешид. Бо назардошти вазъи ба амал омада аз ҳисоби хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, литсей-гимназияҳои хонандагони болаёқати ҷумҳуриявӣ, мактаб-интернатҳо ва осоишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 9 ҳазору 473 кати бистарикунонӣ омода карда будем. Аз оғози давраи хуруҷи беморӣ дар сатҳи вилояти Хатлон то ба имрӯз дар умум 6 ҳазору 386 нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин 5 ҳазору 676 нафар солим гардонида шуданд. Айни замон 425 нафар беморон зери назорат қарор доранд, ки 37 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ буда, 388 кас дар муҳити хона зери назорати табибон қарор доранд. Дар вилоят 2 озмоишгоҳи вирусологӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар фаъолият мекунанд. Дар ин давра 1 ҳазору 357 нафар гирифтори бемории коронавирус муайян карда шуд”, - изҳор дошт раиси вилоят.

Хисороти молиявии фурудгоҳҳо

Қурбон Ҳакимзода иттилоъ дод, ки бинобар пайдоиши COVID-19 ва баста шудани сарҳадот хатсайри роҳи оҳани Кӯлоб – Маскав аз фаъолият монд. Дар баробари ин парвозҳо аз фурудгоҳҳои байнулминалии Кӯлоб ва Бохтар манъ шуд, ки аз ин ҳисоб миллион сомонӣ ба буҷаи ин ду шаҳр ворид нагардид.

“Хатсайри роҳи оҳани Кӯлоб – Маскав аз 20-уми март баста шуд. Дар соли ҷорӣ мусофиркашонӣ тавассути хатсайри мазкур 3 ҳазору 300 нафарро ташкил дод, ки дар қиёс бо шашмоҳаи аввали соли гузашта 44% ё ин ки 4 ҳазору 200 нафар кам мебошад”, - афзуд ӯ.

Раиси вилоят гуфт, ки тавассути фурудгоҳҳои байнулмилалии Кӯлоб ва Бохтар ширкатҳои ҳавопаймоӣ 140 парвоз анҷом дода, теъдоди мусофирон 39 ҳазору 370 нафар ва ҳаҷми бағоҷ 508 тоннаро ташкил медиҳад. Аз таъсири коронавирус парвозҳо аз 19-уми март муваққатан қатъ карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камшавии парвозҳо 152 адад, теъдоди мусофирон 36 ҳазору 903 нафар ва ҳаҷми бағоҷ 608 тоннаро ташкил дод. Мутаносибан парвозҳо 48%, теъдоди мусофирон 52% ва ҳаҷми бағоҷ 45% кам шуд. Ин таъсири манфии худро ба воридоти андозҳо ба буҷаи шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар расонид.

Ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймои Ҳиндустон

“Аз рӯзи 9-уми июли соли ҷорӣ як ширкати ҳавопаймоии Ҳиндустон фурудгоҳи байнулминалии Бохтарро барои интиқоли транзитии бор ба Афғонистон истифода мекунад. Дар ин замина парвозҳои чартерӣ дар як ҳафта се маротиба анҷом дода мешавад. Аз ин ҳисоб фурудгоҳи мазкур андаке ҳам бошад, фоида мегирад”, - иброз дошт ӯ.

Чоҳканӣ барои оби тоза дар Кӯлоб

Ҳакимзода бо изҳори нигаронӣ аз норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки рӯзи 18-уми июл барои дарёфти роҳи ҳалли ин масъала ба шаҳри Кӯлоб сафар кардааст.

“Дар Кӯлоб маҳаллаҳое ҳастанд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ як соат об мегиранд. Баъзе ҷойҳое ҳаст, ки ду-се рӯз об намегиранд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта мо бо вазири корҳои дохилӣ дар Кӯлоб будем. Тасмим гирифтем, ки дар ин шаҳр 20 нуқтаи чоҳҳои амудиро тоза карда, ба истифода хоҳем дод. Умуман, дар ин шаҳр 93 адад чоҳҳои амудӣ мавҷуд буданд. Вале бо мурури замон онҳо фаромӯш шудаву аз кор мондаанд. Бо кумаки як мутахассиси калонсол мо ҳамаи онҳоро пайдо кардем. Ман бо вазири корҳои дохилӣ тасмим гирифтем, як ададӣ аз ин чоҳҳоро аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба кор андозем. Хушбахтона, ба мо чанде аз соҳибкорон низ пайвастанд. Аз ҷумла, раиси шаҳр низ яке аз ин чоҳҳоро ба уҳда гирифтаст. Барои таъмини шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ шартномаи сармоягузории нав ба маблағи 16,7 миллион доллар ба имзо расидааст. Аммо ин лоиҳа 1 ё 1,5 сол давом мекунад. Агар мо чоҳҳои амудиро ба кор андозем, то замони амалишавии лоиҳа мардум бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд”, - гуфт раиси вилоят.

Вай афзуд, ки айни замон 4 адад мошини махсусе, ки чоҳҳои амудӣ мекананд, кор карда истодаанд. То имрӯз яке аз ин чоҳҳо тоза гардид. Аз чуқурии 120 метр оби тоза бароварда, ба хатти оби шаҳр пайваст карда шуд.

ТВ “Хатлон” 24-соата мешавад

Раиси вилоят хабар дод, ки Телевизиони “Хатлон” дар рӯзҳои наздик ба режими 24-соатаи фаъолият хоҳад гузашт.

Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки барои ба моҳвора баромадани ин шабакаи телевизионӣ аз буҷаи вилоят ҳамасола 50 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад. Мувофиқи ваъдаи роҳбарияти телевизиони вилоят, дар рӯзҳои наздик онҳо ба пахши шабонарӯзии барномаҳо шурӯъ мекунанд.

Дар фарҷоми нишасти хабарӣ ба чанд нафар собиқадорони соҳаи ВАО роҳхат ба истироҳатгоҳҳои кишвар тақдим карда шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.