Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ноҳияи Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон нимаи дуюми рӯзи 20 август ба шаҳри Хоруғ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Рӯшон президент бо раҳбарият, фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карда, майдони пояи парчами давлатӣ ва дигар иншоотро боз намуд.

Зимни суханронӣ назди фаъолон ва аҳолӣ Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли истиқлоли давлатӣ ба рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

“Дар ин давра барои рушди ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 510 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 190 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ равона гардидааст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
1/5

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, тайи ин солҳо дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 80 миллион сомонӣ татбиқ гардидаааст.

Ҳоло амалишавии ду лоиҳаи дигар дар самти мустаҳкам намудани инфрасохтори зидди офатҳои табиӣ ва лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси КОВИД-19 дар Тоҷикистон идома дорад, ки то ба имрӯз ҷиҳати татбиқи он 11 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

“Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон, дар маҷмуъ, 314 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 183 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Аз ин шумора 77 иншоот аз ҳисоби ҳукумати кишвар ба маблағи 92 миллион сомонӣ бунёд ва таҷдид гардида, ин раванд бомаром идома дорад”, - хабар дод президент.

Зикр шуд, ки аз шумораи умумии иншооти мавриди истифода қарордодашуда ба соҳаҳои маориф 45 иншоот ба маблағи 35 миллион сомонӣ, тандурустӣ 44 иншоот ба маблағи 6 миллион сомонӣ ва роҳу нақлиёт 19 иншоот ба маблағи 66 миллион сомонӣ рост меояд.

1/10

Ба роҳбарони ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар муҳлатҳои мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузаронидани кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин ба раҳбарияти вилоят ва ноҳия дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ доир ба бунёди сардхонаву анборҳо чораҷӯӣ намоянд.

1/5

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати роҳандозии чораҳои қатъӣ барои бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ вазифадор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.