Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон зери имзои раиси ҳукумат, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Саидзода аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод шуда, ба ҷойи ӯ акнун собиқ сардори Воҳиди махсуси ВКД-и кишвар Бароталӣ Ҳамидзода ба ин мансаб таъин шуд.

Бароталӣ Ҳамидзода 11 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ аст. Аз соли 1989 дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунад.

Фаъолияти хизматиашро ба сифати нозири ҳаракат дар роҳи БДА оғоз намуда, ба сифати роҳбари шуъбаи Хадамоти посбонии роҳи ШБДА, сардори шуъбаи Нозироти техникӣ ва сардори баталёни махсуси Хадамоти посбонии роҳи ШБДА кор кардааст.

Бароталӣ Ҳамидзода

Ҳамчунин ба ҳайси муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ, муовини сардори РБДА ВКД, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Тоҷикитсон фаъолият дошт. Дорои рутбаи генерал-майори милитсия аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.