Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ баргузор намудани иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар рӯзномаи иҷлосия шунидани ҳисоботҳои муовини якуми раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ҳисоботи муовини раиси пойтахт дар бораи вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷорисозии низоми пардохти электронӣ дар ин соҳа зикр шудааст.

Бо дастури раиси пойтахт барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вакилони маҷлис то 21 сентябр бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд ва аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия таклифҳои мушаххасро пешниҳод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.