Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амри худ дастур дод, ки Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии ҳайати раҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тасдиқ карда шавад.
Мувофиқи ин қоидаҳо, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарии Агентӣ дар се сол як маротиба гузаронида мешавад.
Қабули ин тасмим, аз ҷумла “пешгирии ҳолатҳои имконпазири содир гардидани амалҳои коррупсионӣ ё мухолифати манфиатҳо” маънидод мешавад.
Ҳамчунин қоидаҳои нав бо мақсади истифодаи пурсамари имконоти касбии кормандон, иҷрои дастурҳои махсусан муҳими давлатӣ, омода намудани кадрҳои раҳбарӣ ҷорӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар қоидаҳо ба ҷойивазкунии корманди Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ва шуъба дар минтақаи Рашт пештар аз муҳлати муқарраршуда, лекин на камтар аз нисфи он иҷоза дода мешавад.
Дар санад қайд мешавад, ки дар баргузории ҷойивазкунии кормандон гирифтани розигии худи корманд зарур нест.
“Баҳсҳои вобаста ба баргузории ҷойивазкунӣ аз ҷониби ҳайати мушовара (коллегия)-и Агентӣ ҳаллу фасл мешаванд. Дар сурати норозигии корманди Агентӣ ба ҷойивазкунӣ, ӯ метавонад мутобиқи қонунгузорӣ ба суд муроҷиат кунад”, - зикр мегардад дар Қоидаҳои таҳияшуда.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста