Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр ба ноҳияи Вахш ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооту корхонаҳои нав иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат нахуст дарвозаи ноҳияи Вахшро, ки бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноиаш 11 метрро дар бар мегирад.

Сипас роҳи нақлиётгарди ҳудуди шаҳраки Киров, ки баъди мумфаршкунии пурра аз ду тараф чароғон гардидааст, ба истифода дода шуд. Паҳноии роҳ 8 метр ва дар баъзе мавзеъҳо ба 12 метр расида, пас аз навсозӣ аз категорияи 3-юм ба категорияи 4-уми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст.

1/6

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳу замонавии Маркази хизматрасонии “Баҳор”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Муҳибулло Ҳабибов дар муддати кӯтоҳ пурра навсозӣ гардидааст, ба истифода дод.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат бо 91 нафар ятими кул аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Панҷ ва Ҷайҳун мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои моддию пулӣ, аз ҷумла сару либоси мактабии зимистона ва шириниҳо тақдим намуд.

1/17

Чун қаблан дар дигар ноҳияҳо, дар ноҳияи Вахш низ майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад.

1/5

Пас аз ин бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ шуд.

1/7

Дар кӯчаи Борбади Марвазии ноҳия бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисӣ - табобатии “Руҳафзо” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар Марказ барои қабули беморон 20 кати хоб муҳайё гардида, дастгоҳу таҷҳизоти он аз кишварҳои Олмон ва Туркия дастрас ва васлу насб шудааст.

1/6

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо шинос шуд. Онҳо бо истифода аз маданияти баланди заминдорӣ аз қитъаи наздиҳавлигии хеш ҳамасола ду-се ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, ба қадри кофӣ маҳсулот захира мекунанд ва ба бозор низ мебароранд.

1/9

Дар деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон Беморхонаи клиникии ба номи «Абуалӣ ибни Сино» ба истифода дода шуд.

Пас аз шиносоии пурра бо шароити хизматрасонӣ дар беморхона ва суҳбати самимӣ бо кормандони он Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва табибони ин беморхона санги асос гузошт.

1/8

Президент дар ноҳияи Вахш ҳамчунин Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” -ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дидан кард. Иншоот дар масоҳати 1100 метри мураббаъ қомат афрохта, барои баргузории чорабиниҳои гуногун бо 1500 ҷойи нишаст мебошад.

1/14

Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва оғоз бахшидан ба бунёди иншооти дигар бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш мулоқоти самимӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 708 млн сомонӣ равона гардидааст, ки 183 млн сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

1/14

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.