Бар пайи тағйироти шоми 3-юми ноябр Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то ин дам муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Шоимзода Ҷамшед Шодӣ аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои об озод ва мақоми муовини аввали вазирро дар ин вазорат ба даст овард. 

Исматуллозода Ширин Исматулло, ки дар моҳи март имсол муовини сарвазир таъин шуда буд, аз мақомаш барканор шуд. Ҳарчанд дар матни фармони барканорияш "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" гуфта мешавад, вале то кунун ба ҳеч мансабе таъин нашудааст. Ҳамчунин Ҷабборзода Гулрӯ, ки низ аз мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  озод карда шуд, мақоми наве нагирифтааст.

Назарзода Назар Раҷаб муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд, ки то ин дам мудири иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» буд. 

Салимзода Амонулло Файзулло, ки вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, акнун корашро дар мақоми муовини аввали раиси вилояти Хатлон идома медиҳад. Файзуллозода Заробиддин Қудрат низ муовини раиси вилояти Хатлон шуд, ки то ин дам вазири саноат ва технологияҳои нав буд. 

Дар ҳукумати вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуалим аз вазифаи муовини якум ва Зоҳирзода Умед аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.