Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз анҷом шудани парвзҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе ва Душанбе-Алмато-Душанбе барои моҳи ноябр хабар медиҳад. 

Тибқи иттилои вазорат Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо коронавирус дар Тоҷикистон ризоят додааст, ки ширкати "СомонЭйр" дар моҳи ноябр парвозҳои чартерии иловагиро дар хатсайрҳои мазкур анҷом диҳад.

Рӯйхати парвозҳоро дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба тартиби зайр нашр кардааст:

- 8 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

- 15 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

- 16 ноябр, Душанбе-Алмато-Душанбе;

- 22 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

- 28 ноябр, Душанбе-Алмато-Душанбе;

- 29 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе.

Вазорат таъкид кардааст, ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд бояд бо худ ҳатман маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19-ро дошта бошанд, ки на пештар аз 96 соат (4 шабонарӯз)-и расидан ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад.  Кӯдакони то сесола аз доштани ин гуна маълумотнома озоданд.

Ҳамчунин Вазорат ба ҳамватаноне, ки ба Белорусу Қазоқистон мераванд таъкид кардааст, ки бояд пеш аз сафар мустақилона бо талабаоти сафар дар давраи ҳамагирии коронавирус шинос шаванд ба ин кишварҳо шинос шаванд, то ҳангоми сафар душвориҳо пеш наояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.