Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамасолаи худро ба парлумон рӯзи 26 январ ироа мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли ҷорӣ мушаххас мекунад.
Ҳамасола ба ҷуз вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд.
Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд.
Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд.
Бо қарори раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ як рӯз пеш то ироаи паём - 25 январ дар Душанбе иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Аз соли 2015 президент то охири моҳи декабр паёми худро ба парлумон ироа мекард, лекин имсол он охири моҳи январ сурат мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста