Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйиротҳои аз ҷониби президент пешниҳодшударо ба як қатор қонунҳо маъқул донистанд.

Ба ин тариқ, мувофиқи тағйироти қабулшуда, минбаъд барои касоне, ки дар сафи артиш хизмати ҳарбӣ адо накардаанд, кор дар мақомоти суду прокуратура, хадамоти гумрук ва зиидифасод, инчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ манъ мешавад.

Пешниҳоди ба кор қабул накардани кормандони нав, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, аз ҷониби президент ироа шуд.

Тағйироти қабулшуда ба кормандони феълии мақомоти дар боло зикршуда, инчунин занон ва шаҳрвандоне, ки тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ аз хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ озоданд, дахл надорад.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мувофиқат кард. Лоиҳаи қонуни зикршуда дар таҳрири навро ҳукумат барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони саводнок ба сафи артиши кишвар таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.