Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳуриро баргузор мекунад. Дар ҷаласа аз фаъолият дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои соли равон муайян карда мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дар соли гузашта сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гузориш медиҳад.

Аз эҳтимол дур нест, ки тибқи анъанаи маъмул дар ин ҷаласа масоили кадрӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба ҷаласаи имрӯза ба ҷуз аъзои ҳукумати Тоҷикистон, инчунин роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят, ректорони макотиби олӣ, намояндагони бонкҳо ва дигар шахсони масъул даъват шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 26 январ сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ба парлумон ироа кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.