Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси васеи ҳукумат рӯзи 27 январ дар бораи нақшаҳои рушди пойтахт дар соли ҷорӣ маълумот дод.

Зимни маҷлис раиси пойтахт иттилоъ дод, ки алҳол дар шаҳри Душанбе бунёди 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад.

Соли 2021 бунёди 34 километр роҳи замонавӣ ва 47 истгоҳи нав дар пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр пешбинӣ мешавад.

Шаҳрдории пойтахт ният дорад, ки соли равон барои таъмини иловагии сокинону меҳмонон 50 адад автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА”-ро харидорӣ кунад.

Рустами Эмомалӣ қайд кард, ки аз Беларус боз 100 адад троллейбусҳои муосир дастрас мешаванд.

Ғайр аз ин, имсол 22 километр шабака ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ таъмиру навсозӣ шуда, то охири сол зиёда аз 2,5 ҳазор манзил бо гармӣ таъмин мешавад.

Раиси пойтахт ҳамчунин зикр кард, ки барои бароварда кардани тамоми эҳтиёҷоти зарарӣ ҷалби 1,7 млрд сомонӣ (149 млн доллар) сармоягузориҳои хориҷӣ дар як сол дар назар аст.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2020 Рустами Эмомалӣ хабар дод, ки сарфи назар аз пандемия, соли гузашта дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ саривақт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки ин ба фароҳам сохтани 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ имкон дод. Боз соли гузашта барои сохтмони 10 корхонаи нав дар шаҳри Душанбе санги асос гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.