Ба парлумони Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи судҳо” пешниҳод фиристода шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар тағйирот пешниҳод мешавад, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таъин шудан ба мансаби судя пешниҳод ё интихоб мешаванд, бояд ба мақомоти дахлдор дар бораи даромад ва амволи худ эъломия пешниҳод кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тағйирот, судяҳо пас аз таъин шудан ба вазифа низ уҳдадор мешаванд, ки ҳамасола дар бораи даромад ва амволашон эъломия пешниҳод намоянд.

Гуфта мешавад, судяҳои тозатаъин пеш аз оғози фаъолият ба риояи қонунҳои кишвар савганди садоқат ёд мекунанд. Дар тағйирот инчунин таъин нагардидани нафақахӯрон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба мансаби судя пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.