Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 2 феврал бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифт.

Гуфта мешавад, сафари президент аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ӯ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди ширкати “Субҳи заррин” ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи Фабрикаи мурғпарварии “Назар” оғози расмӣ бахшид.

Зимни боздид аз раванди истеҳсоли маргарин ва равғани зард ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи Аврупо фаъолият намуда, ҳадафи муассис таъмини бозори дохилӣ бо ин ду навъи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дар коргоҳи нав дар як сол дар маҷмӯъ 360 тонна маргарин ва равғани зард истеҳсол мегардад, ки бо нишони молии “Субҳи заррин” дар банду басти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифати сатҳи байналмилалӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ дар маросими оғози фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон иштирок кард.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хоса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯи маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба корхона таҷҳизоти муосир аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидааст.

Дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хати нави технологии коркарди пиёз дар ширкати “Хуҷанд - Агро” оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки хатти нави технологӣ имконият дорад дар 1 шабонарӯз то 30 тонна пиёзро коркард ва хушк намояд. Барои ин дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, таҷҳизоти пиёзхушккунӣ истеҳсоли Ҳиндустон аст.

Тибқи технологияҳо пиёз қабул, шуста, тоза, сара ва аз пӯст ҷудо карда шуда, вобаста ба ҳаҷму андоза реза ва дар 60 дараҷа гармӣ хушконида, бандубаст ва ба содирот омода карда мешавад. Сабзавот, аз ҷумла пиёз аз хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзии минтақаҳои вилояти Суғд вобаста ба талабот харидорӣ мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.