Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Як манбаъи наздик ба мақомҳои расмӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи ҷашни Сада ва фурӯшу муаррифии ниҳолу дарахтони ороишиву мевадеҳ, ки рӯзҳои 5-6 ва 7-уми феврал дар Қасри Арбоб доир мегардад, иштирок мекунад.

Дар назар аст, дар ин сафар раисҷумҳур дар кушодашавии чанде аз корхонаҳои истеҳсолӣ, боғҳои супер интенсивӣ дар шаҳри Хуҷанд ва чанде аз шаҳру навоҳии атрофи он иштирок кунад. Дар шаҳри Хуҷанд қарор аст бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи саноатӣ ба баҳрабардорӣ супурда шавад. 

Як манбаъи наздик ба Азия-Плюс аз ҳукумати Суғд гуфт, ки сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят аз имрӯз 2-юми феврал оғоз шуда то анҷоми ҳафта идома мекунад. Манбаъ афзуд дар доираи ин сафар кушодашавии корхонаҳои саноатӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва дигар иншоот дар назар аст.

“Иди Сада, фурӯши ниҳолу гулбутаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи вилоятӣ санаҳои 5-6 ва 7-уми феврал дар Қасри Арбоб бо шукӯҳи хосе таҷлил мешавад. Дар ин ҷо тахмин 1 миллион дона дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад”,-мегӯяд ин манбаъ.

Эълони панҷрӯзаи роҳбандӣ дар Суғд

Акс аз шабакахои иҷтимоӣ

Дар доираи ташрифи меҳмонон ба вилояти Суғд БДА эълон намуд, ки ҳаракати ҳамагуна намуди воситаи нақлиёт дар давоми панҷ рӯзи оянда дар якчанд кӯча ва шоҳроҳҳоро муваққатан маҳдуд мекунад.

Дар эълон омадааст, ки санаи 2 феврал роҳи кӯчаҳои “Н. Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва Ленин”-и шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров–Хуҷанд”-и ноҳия Б. Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ, Гагарин ва Сирдарё ва маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, шаҳри Хуҷанд, ҷамоати деҳоти Д. Холматов, шаҳри Гулистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ маҳдуд карда мешаванд.

Бино ба иттилоъи БДА инчунин санаи 3 феврал роҳи шаҳри “Гулистон, ҷамоати деҳоти Д. Холматов то бурриши Сомғор”-и ноҳияи Б. Ғафуров.

Санаи 4 феврал роҳи шаҳри Гулистон, ҷ/д Д. Холматов то давраи Ороми ноҳияи Б. Ғафуров, инчунин кӯчаҳои “Сирдарё, С. Умаров, Р. Ҷалил, И. Сомонӣ ва Р. Ҳоҷиев”-и шаҳри Хуҷанд.

Санаи 5 феврал кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаи ба номи С. Ӯрунхуҷаеви ноҳияи Б. Ғафуров.

Санаи 6 феврал кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаи С. Ӯрунхуҷаеви ноҳияи Б. Ғафуров.

Санаи 7 феврал ҳаркати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои Н. Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва Ленини шаҳри Бӯстон, муваққатан маҳдуд карда мешаванд.

БДА-и вилояти Суғд аз ҳамаи шаҳрвандон ва ронандагони воситаи нақлиёт барои риояи ин муқаррарот хоҳиш намуда, гуфтааст, ки дар вақти зарурат ронандаҳо аз тариқи роҳу кӯчаҳои ҳамшафат метавонанд ҳаракат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.