Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 16 феврал бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо иштироки президент ва раиси пойтахт дар як гӯшаи боғ 36 адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шуд.

Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани майдони “Истиқлол” ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ гузошта мешавад.

Зикр мегардад, ки то имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғ 1045 ниҳоли дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст.

1/10

Аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони “Истиқлол” 11 ҳазор метри мураббаъи он аз руи нақша сабзкорӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» соли 2021 ба истифода дода шавад.

Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар боғ ниҳолҳои гуногуни дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.

Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метр ва пояи он 85 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар 6 ошёнаи дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.

Дар баландии 91 метри маҷмаа майдони тамошо сохта мешавад, ки сокинону меҳмонони Душанбе дар ин баландӣ аз тамошои манзараҳои дилфиреби пойтахт баҳравар шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.