Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи рӯзи 18 апрел баргузор намудани интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилоне, ки қабл аз анҷоми давраи ваколаташон аз ҳайати парлумон хориҷ шудаанд, дар ҳавзаҳои интихоботии Деваштич, Балхӣ ва Вахш қарор қабул кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар КМИР Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода бинбар сабаби таъин шудан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳояшро дар парлумон супурд.
Қаблан вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ Ҳоким Холиқзода низ дар робита ба рӯзи 20 июни соли 2020 муовини раиси Бонки миллӣ таъин шуданаш, аз ҳайати парлумон хориҷ шуд.
Нимаи моҳи ноябри ҳамин сол президент ӯро раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин кард.
Намояндаи дигари ҲХДТ Бахтовар Сафарзода аввали моҳи октябри соли гузашта намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъин шуда, дигар дар ҳайати парлумон кор намекунад.
Бахтовар Сафарзода дар Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Вахш намояндагӣ мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста