Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ дар бораи даъват намудани иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум рӯзҳи 16 апрел дар Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшударо ба қонунҳо “«Дар бораи судҳои ҶТ», «Дар бораи мақомоти адлияи ҶТ» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ инчунин масъалаи табдили номи 26 маҳаллаи аҳолинишинро дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод баррасӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи март Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод бо пешниҳоди табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.