Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон доир ба ин масъала раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла тарзу усули пешниҳоди маълумот аз ҷониби судҳо ба ВАО ва уҳдадориии тарафҳо (судҳо ва ВАО) зимни нашри иттилоот ва ғайра пешбинӣ шудааст.

“Меъёрҳои лоиҳаи қонун инчунин усули иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаҳои судӣ ва дастрасӣ ба маълумотро аз бойгонии судҳо муайян мекунад”, - иброз дошт Шоҳиён.

Ӯ зикр кард, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, рӯзноманигорон метавонанд дар мурофиаҳои кушоди судӣ иштирок кунанд.

Маълумоти дорои сирри давлатӣ, сирҳои тиҷоративу оилавӣ ва шахсӣ, инчуин маълумот дар бораи шаъну эътибори шахс барои ВАО пӯшида боқӣ мемонанд.

Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, дар ҳамаи судҳои ҷумҳурӣ, намояндагони расмиии судҳо таъин хоҳанд шуд, ки онҳоро ба кор бо ВАО уҳдадор мекунанд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур инчунин ҷонноку тақвият бахшидан ба фаъолияти сомонаҳои расмии судҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи қонун ба судяҳо ҳуқуқ дода шудааст, ки ба дархостҳои берун аз салоҳияти ВАО посух нагӯянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.