Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташриф овард.

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Суғд дар бораи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳо дар ду рӯзи наздик хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Шуъбаи БДА, имрӯз, 28 июл ҳаракати нақлиёт дар кғчаҳои марказии ноҳияи Айнӣ маҳдуд мешавад.

Рӯзҳои минбаъда маҳдудияи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои шаҳру навоҳии зерин пешбинӣ мешавад:

29 июл - роҳҳои марказии ноҳияи Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, кӯчаҳои марказии ноҳияҳои Спитаменв а Ҷаббор Расулов, ҷамоати Деҳмой, роҳи Хуҷанд-Конибодом, роҳҳои марказии шаҳри Бӯстон, роҳи Ғафуров-Хуҷанд ва роҳҳои марказии шаҳри Гулистон;

30 июл - кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва А.Шукуҳии шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Насриддинови ҷамоати Ёва ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон.

Дар бораи вақти дақиқ ва давомнокии маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт маълумот дода нашудааст.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ҳангоми маҳдудият аз ронандагон дархост шудааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Филиали ширкати масъул ба нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе Чанак хабар дод, ки аз соати 7:00-и имрӯз ҳаракати ҳамаи воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад. Дар бораи давомнокии маҳдудият маълумот дода нашудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матуоти сарвари давлат, имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

То ин дам дар ҷараёни сафари сарвари давлат ба ноҳияи Айнӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.