Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл муовини раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода хабар дод.

Ӯ изҳор намуд, ки бо қарори ҳукумат дар ноҳия кайҳост инҷониб бинои муассисаҳои вилоятӣ сохта мешаванд.

«Масалан, дар ин ҷо беморхонаи вилоятии сироятии Данғара ба истифода дода шудааст. Бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло сохтмони бинои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, маркази саниатрӣ-эпидемиологии вилоят идома дорад, - мегӯяд ӯ. - Ин маънои онро дорад, ки Данғара вилоят хоҳад шуд, аммо мо ҳоло вақти дақиқи ин тағйиротро намедонем".

Овозаҳо ҷой доштанд...

Овозаҳо бобати дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор доштани масъалаи таъсиси воҳиди нави маъмурӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз як моҳ пеш ҷой доштанд. Ба ҳайати минтақаи нав гӯё собиқ вилояти Кӯлоб ва шаҳрҳои Нораку Ёвон, ки қаблан ба вилояти Қӯрғонтеппа тааллуқ доштанд ва шаҳри Роғун аз ноҳияҳои тобеи марказ низ шомил мешуданд.

Ба ақидаи бархе аз корбарон, вилояти нав бо мақсади баланд бардоштани нуфузу эътибори ноҳияи Данғара таъсис дода мешавад. Ин ноҳияи аз лиҳози қаламрав хеле калон дар маркази минтақаи нав хоҳад буд.

Дар ин ҷо зербинои муосир - муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ на дар сатҳи ноҳиявӣ, балки дар сатҳи вилоятӣ сохта мешаванд. Донишгоҳ, роҳҳои хуб ва корхонаҳои гуногун мавҷуданд. Ягона чизе, ки намерасад, касби мақоми маркази вилоят аст.

Ғайр аз ин, Данғара мавқеи ҷуғрофии хуб дошта, шаҳрро дар оянда метавон дар ҳама чор самт рушд дод, монеаҳои табиӣ тақрибан вуҷуд надоранд.

Мавриди зикр аст, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст.

... дар бораи пойтахт низ

Чанд сол қабл дар Тоҷикистон масъалаи имкони ба Данғара кӯчидани пойтахти кишвар баррасӣ мешуд. 10 сол пеш шодравон Сӯҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ чунин пешниҳод карда буд.

Он замон ӯ пешниҳоди худро таври зайл асоснок карда буд:

«Бо ҳама чиз, аз ҷумла дар пойтахт бо гузаштаи шӯравӣ видоъ кардан лозим аст. ... Душанбе шаҳри хурд буда, барои ин миқдор сарборӣ пешбинӣ нашудааст. Бо интиқоли пойтахт сарбории шаҳр сабук шуда, мушкилоти танбашавии нақлиёт низ рафъ хоҳад шуд. Бояд як шаҳри маъмурие бошад, ки дар он махсус ҳама чорабиниҳо баргузор карда шаванд".

Шарифов инчунин илова намуда буд, ки ӯ "ҳамчун як сокин хурсанд хоҳад буд, агар пойтахт, масалан, ба Данғара, Кӯлоб ё ба Панҷакент кӯчонида шавад".

Он замон ба пешниҳоди ғайричашмдошти Шарифов муносибат якгуна набуд, ҳатто шояд метавон гуфт манфӣ буд. Аммо ҳоло вақте ки дар шаҳр бисёре аз биноҳои таърихӣ тахриб мешаванд, пешниҳоди ӯ дигар ғайримунтазира ба назар намерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.