Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов рӯзи 4 август зимни нишасти хабарӣ ошкоро изҳор дошт, ки "дар тӯли 3 ё 5 сол азнавсозии ҳамаи роҳҳои минтақа имконнопазир аст, то ки онҳо ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд".
«Агар кор хуб ҷараён гирад, пас давоми 3-5 сол сохтмони роҳи автомобилгарди Дарвоз-Рӯшон ба анҷом расида, он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд. Ошкоро мегӯем, ки барои азнавсозии қисматҳои дигар 10-15 сол ё бештар аз он вақт лозим аст”, - иброз дошт Файзов.
Дар шарҳи тез-тез баста шудани роҳ ба сӯи Бартанг бар асари селу тармафароӣ раиси вилоят гуфт, барои таъмир пул ҷудо карда шуда, аммо маҷрои сел ин роҳи пурпечутоби кӯҳро хароб мекунад.
“Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи баста будани роҳ ба сӯи Бартанг наворҳои видеои зиёде мавҷуданд. Мутаассифона, ин бори аввал нест. Давоми 5 соли охир бисёр қитъаҳои ин роҳ васеъ карда шуданд. Бо ин мақсад Бунёди Оғохон ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд. Ҳукумат барои сохтмони ду пул 10 млн сомонии иловагӣ ҷудо кардааст”, - иттилоъ дод Файзов.
Раиси вилоят зикр кард, ки барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани натанҳо роҳи Бартанг, балки қисматҳои дигари робитаҳои нақлиётии минтақа даҳсолаҳо ва захираҳои зиёди молиявӣ лозиманд.
«Ҳоло мушкилоти асосии мо шоҳроҳҳои Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим мебошанд, ки ба таъмир ниёз доранд. Аммо, мутаассифона, барои баргузории корҳои таъмир то ҳол манбаъҳои молиявӣ дарёфт накардаем. Аз ин рӯ, корҳои таъмиру навсозии роҳҳои мо солҳои тӯлонӣ идома меёбанд», - гуфт Файзов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста