Дар доираи сафари кории раисҷумҳур ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон беш аз 120 иншооти муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора, аз ҳукумати ВМКБ ба “Азия плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ҳамаи иншоотро худи президент шахсан ба истифода намедиҳад, дар маросими кушодашавии баъзе иншоотҳо аъзоёни ҳукумат, роҳбарияти вилоят ширкат хоҳанд кард.

“Президент дар шаҳри Хоруғ хати оби нӯшокӣ, бинои мактаб, маркази ҷавононро ба истифода дода, бо ду-се лоиҳа аз наздик шинос мешавад. Дар ноҳияи Роштқалъа бинои мақомоти андоз, молия, омор, боғи парчам, маркази хизматрасонии “Помир Энерҷӣ” ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодиро мавриди истифода қарор медиҳад”,- гуфт манбаъи мо.

Ба гуфтаи ӯ дар маркази ноҳияи Дарвоз Эмомали Раҳмон бинои адлия, дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт бинои муассисаҳои таълмиро ба истифода медиҳад.

“Раисҷумҳур дар ноҳияи Шуғнон бинои мақомоти шуғли аҳолиро ба истифода дода, ба сохтмони роҳи Қалъаи хумб – Дарвозаи Рушон санги асос мегузорад. Ҳамчунин дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе ноҳияҳо барои сохтмони боғи парчам ва нишони давлатӣ санги асос гузорад”, - гуфтанд дар ҳукумати вилоят.

Ҳоло Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари корӣ дар минтақаи Рашт қарор дорад ва интизор меравад, ки аз 25 то 30 сентябр ба ВМКБ сафари корӣ анҷом диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.