Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси МММО ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ва раиси МНМО ҶТ Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойя шинониданд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон шахсан дарахтони секвояи калифорниягиро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, онро дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд.

Гуфта мешавад, дарахти секвойяи калифорниягӣ зебову нодир буда, 3000 сол умр мебинад. Секвойя дар шароити иқлими Тоҷикистон мумкин аст, то 1000 сол умр бинад.

то имрӯз бо дастури бевоситаи президент барои бунёди боғ дар майдони “Истиқлол” дарахтони зиёди ороишӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи майдон 5510 адад дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст ва нашъунамои хуб доранд.

1/9

Зикр мегардад, ки майдони “Истиқлол” бо маҷмааи рамзи истиқлолу озодӣ, ки аз иншооти асосии боғ маҳсуб меёбад, соли 2022 ба истифода дода мешавад.  Масоҳати умумии майдон 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.