Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Самад Саидзодаро сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон таъин кардааст. Самад Саидзода то ин дам ёвари раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода буд.

Фармони таъиноти Саидзода 30 декабри соли 2021 содир шудааст ва тибқи иттилои як манбаъ аз ин ниҳод то замони барканории ӯ сардори ин хадамот Қирғизбек Зокирзода буд.

Самад Саидзода зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва хатмкардаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ҳафтаи гузашта Ширин Амонзода Саид Камолзодаи 24-соларо сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд таъин карда буд. Камолзода то расидан ба ин мақом сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон буда, донишгоҳро дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонидааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.