Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як машварати корӣ ба муовинонаш ва раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки дар панҷ соли оянда сари бунёди 500 корхонаи саноатӣ тадбир андешанд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ин корхонаҳо бо дарназаргирии захираву имкониятҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бо назардошти панҷсолаи рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

“Саноатчиёни вилоят дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 20 миллиарду 944,0 миллион сомонӣ расониданд ва суръати афзоиш дар сатҳи 131,3 фоизи ҳамин давраи соли 2020 таъмин гардид”,-гуфтааст, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.

Қаблан аз намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки давоми нӯҳ моҳи соли гузашта аз 688 корхонаи  фаъоли саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон 103 корхона аз кор бозмондааст. Ба далели аз кор мондани ин корхонаҳо дар ин давраи соли 2021 ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардид.

Раиси вилояти Суғд роҳбарони ниҳодҳои марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардааст,  дар соҳаи кишоварзӣ,имкониятҳо зиёданд ва бояд заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар зиёд карда шавад. Дар рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат бояд чораандешӣ кунанд.

Ба масъулин барои тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, омодагиҳо ба мавсими нави кишту кор, аз ҷумла кишти картошкаи барвақтӣ, истифодаи самараноки гармхонаву сардхонаҳо дастур дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.