Қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон Дилшод Назаров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд. Ҳоло ба кадом мансаби дигар таъин шудани ӯ маълум нест.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қарори дахлдори ҳукуматро дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 феврал ба имзо расонидааст.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров қаблан ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, бо қарорҳои дигари ҳукумат, Шабнам Раҳимзода муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Сураҷ Чоршанбезода ва Парвиз Собирзода - муовинони раиси Кумита таъин шудаанд.

Дилшод Назаров ба ҷуз қаҳрамони Олимпиадаи 2016, ҳамчунин медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳони соли 2015 ва 3 тилои  Бозиҳои осиёиро дорад. Ҳамчунин ӯ қаҳрамони 5-каратаи  Осиё аст.

The Athletics Integrity Unit 15 марти соли 2021 Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва ягонаи қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистонро барои 2 сол аз ҳаққи иштирок дар  дар мусобиқаҳо маҳрум кард.

Худи Дилшод Назаров дар як вокунишаш ба ин тасмими The Athletics Integrity Unit гуфтааст, ки ӯ маводи мамнуъро истифода набурдааст ва гуфтааст, ки "ӯ дар Олимпиадаи Токио як рақиби ноқулайе буд".

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.