Эмомалӣ Раҳмон се судя ё додраси се ноҳияи кишварро аз мақом барканор кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад. 

Бар асоси фармони президент, додрасҳои ноҳияҳои Мурғоби ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз мақом барканор шуданд. Манбаъ дадели барканории додрасҳоро расидан ба синни ниҳоӣ ва вазъи саломатӣ марбут донистааст.

Субҳи 20-уми апрел дар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Меҳмон Аловиддин Бозгул раиси Додгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳимзода Абдусалим додраси додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Умарзода Ирода Бахтиёр додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз вазифа озод шуданд.

Додраси аввалӣ барои расидан ба синни ниҳоии ишғоли мақоми додрасӣ ва дуйи дигар бинобар вазъи саломатӣ мақомҳояшонро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ хабар надодааст, ки оё ба ҷойи додрасҳои барканоршуда нафарони наве таъин шудаанд ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.