Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Asia-Plus” дар робита ба тақдири сохтмони обанбори “Кофарниҳони поён” гуфт, онҳо бо роҳбарияти вилояти Сурхондарё дар ин масъала гуфтушунид хоҳанд кард.
“Ин лоиҳа аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст ва яке аз беҳтарин лоиҳаҳои обёрӣ мебошад. Бо сохтмони обанбори мазкур беш аз 37 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи мавзеъи Қубодиёну Шаҳритус обёрӣ хоҳанд шуд. Мо зимни сафарҳои кории худ ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дидем, ки он мушкилоте, ки мо вобаста бо обёрӣ дар мавзеъи Қубодиёну Шаҳритус дорем, онҳо низ доранд. Мушкили онҳо аз мо дида вазнинтар аст”, - гуфт раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин илова кард, ки ин лоиҳа дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон низ дар ҳоли баррасӣ аст.
“Мо дар сафарҳои ояндаи роҳбарияти вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба вилояти мо вобаста ба сохтмони ин обанбор суҳбат хоҳем кард”,- гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи “Кофарниҳони поён” соли 1984 ба нақша гирифта шуда буд ва он бояд дар дарёи Кофарниҳон сохта мешуд. Маблағи лоиҳавии сохтмони ин обанбор дар соли 1984-ум 249 млн рубли шуравӣ ва ё 416 млн доллари амрикоиро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки лоиҳа бояд дар 4,5 сол хароҷоти худро мепӯшонд. Ҳамчунин дар ин обанбор сохтмони як неругоҳи барқии хурд низ дар нақша аст, ки талаботи обанбор ва маҳаллаҳои гирду атрофи онро бо барқ таъмин мекунад. Мувофиқи маълумотҳои ҳамон замон, аз ҳисоби ба кор андохтани заминҳои бекорхобидаи ин мавзеъ солона иловатан 85 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешуд.
То солҳои 90-уми асри гузашта корҳои сохтмонӣ оғоз шуда буд. Аллакай дар ин мавзеъ шаҳраки сохтмончиён бо ҳама инфрасохторҳояш сохта шуда буд. Зербинои сарбанди обанбор, ки дарозии 1600 метрро ташкил медиҳад, канда шудааст. Вале баъд солҳои 90-ум - пас аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ корҳои сохтмонӣ қатъ карда шуд.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста