Шоми рӯзи 28 июл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис аз рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо то охири соли 2022 муайян шуданд.

Президенти кишвар зикр кард, ки ки бо вуҷуди мушкилоти кунунии ҷаҳони муосир, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии ҳукумат рушди иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 46, 2 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2022 нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 102 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 15,1 миллиард сомонӣ ворид шуд.

Рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз ва гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз таъмин гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 сатҳи таваррум 4,1 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 7 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 2,3 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар маҷлиси ҳукумат таъкид гардид, ки дар соли 2021 сатҳи даромаднокии аҳолӣ 23 фоиз боло рафт.

Баъди таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат президенти кишвар барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраву самараноки нақшаҳои давлатӣ ба ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Роҳбарияти Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2022 таъмин намоянд.

Сарвари давлат супориш дод, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба ҷалби маблағҳои иловагӣ, бахусус, грантҳо вусъат бахшанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.