Соли 2023 таҷдиду бозсозии шоҳроҳи Рӯдакӣ-Ёвон-Ҷомӣ оғоз мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

"Аз Вазорати нақлиёт ба мо хабар доданд, ки соли 2023 таҷдиди ин роҳ, ки 79 км ташкил медиҳад, оғоз мегардад"- гуфт раиси ноҳия.

Раҷабалӣ Муродов, сардори хоҷагии идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон хабар дод, ки маблағи марҳалаи  аввали ин роҳ 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

"Таҷдиди ин шоҳроҳ дар се марҳала амалӣ мешавад. Аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як шохаи ин шоҳроҳ то ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон мерасад ва шохаи дигари он то шаҳри Левакант бурда мешавад"- гуфт Раҷабалӣ Муродов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.