Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз дар қаламрави яке аз бозорҳои бузургтарини пойтахт – «Корвон» дар мошини муовини сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе инфиҷор рух дод.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, таркиш тахминан соатҳои 18.30 дақиқаи шом, ҳангоме ки подполковник Довудов аз бозор баромада, ба назди мошини худ меояд ва дарро кушоданӣ мешавад, ба амал омадааст. «Дар натиҷа Довудов ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун бардошта, ба Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ (Қаряи Боло) мунтақил гардид», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, бар асари инфиҷор оинаҳои мошини «ВАЗ-2106 шикаста, курсиҳо аз ҷояшон канда шудаанд. Айни замон барои муайян кардани сабабҳои инфиҷор дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фавриву тафтишотии ВКД ва РКД-и шаҳри Душанбе машғули коранд.