Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» - | Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сартосари кишвар, 53 % иҷро шудааст. Тавре котиби маркази матбуотии Вазорати дифои ҷумҳурӣ Фариддун Маҳмадалиев ба «АП» хабар дод, нақшаи даъват ба хизмат дар сафи артиш дар вилояти Бадахшон 82,8%, вилояти Суғд 40 % , дар Хатлон 59,7% ва дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур 51,7% , дар шаҳри Душанбе 43% иҷро шудааст.
«Нақшаи даъват дар ноҳияи Мурғоб, Ванҷ, Темурмалик, Носири Хусрав ва шаҳрҳои Нораку Сарбанд ба пуррагӣ иҷро шудаанд», изҳор дошт Маҳмадалиев.
Мувофиқи фармони президенти ҶТ аз 16 марти соли 2011, маъракаи даъвати баҳорӣ дар кишвар аз таърихи 1 апрел шурӯъ шуда то 31 март идома хоҳад ёфт.
Тибқи маълумоти вазорати дифо, сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола дар Тоҷикистон наздик ба 15-16 ҳазор нафар зиёд мешавад.
Дар умум дар кишвар беш аз 600 ҳазор ҷавонмарди сини даъватӣ, ки мувофиқи қонунгузории кишвар аз 18 то 27 сола мақаррар шудааст, ба қайд гирифтаанд. Аммо наздики 150 ҳазор ҷавон ҳуқуқ ба таъхири мӯҳлати даъват ва ё аз хизмат озод шуданро дошта, 100 ҳазори дигар дар муҳоҷирати корӣ берун аз кишвар қарор доранд.
“Ҳукми танқиди раис” ё чаро “Одобнома” бояд риоя карда шавад?
Зоҳири Ағбар: Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба замон эҳтиёҷ дорад
Толибон мехоҳанд аз Русия 1 млн баррел нафт харанд
Сокинони шаҳр ва деҳа барои хӯрок чӣ қадар маблағ сарф мекунанд?
Медали нуқраи ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар Қазоқистон
“Ориёнбонк” дар Тошканд намояндагӣ боз кард
Иштироки Азим Иброҳим дар конфронси вазирони кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд
Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Нур Табар, собиқ вазири фарҳанг вафот кард
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста