Душанбе, 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Коршиносони Тоҷикистону Русия ҷиҳати ба имзо расонидан созишномаи танзими шакли ҳамкорӣ оид ба масоили марзиро таҳия намуданд, менависад «Российская газета».
Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки рӯзҳои наздик ба тасвиб расидани он аз эҳтимол дур нест. «Мушовирони русиягӣ чун қабл дар машварат ва омодагии ҳайати зинаи поёнии афсарони марзбон аз ҳисоби хизматчиёни низомии Тоҷикистон кӯмак хоҳанд расонид», - гуфт як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар Вазорат ҳамчунин таъкид сохтанд, ки масъалаи бозгашти пурраи марзбонони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон матраҳ нашудааст, зеро алҳол Тоҷикистон аз ӯҳдаи муҳофизати марзҳо мебарояд.
Тавре хабаргузории Regnum бо такя ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумиттаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ менависад, нимаи дуввуми рӯзи 21-уми июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон даври сеюми гуфтушунидҳои Русияву Тоҷикистон оид ба масоили марзӣ оғоз гардид.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 1992 то соли 2005 муҳофизати марзҳои давлатии Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон таҳти назорати Русия қарор дошт. Тибқи созишномаи дар соли 2004 миёни Тоҷикистону Русия баимзорасида, муҳофизати марзҳои давлатии ҷумҳурӣ ба дӯши марзбонони тоҷик вогузор гардида, аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон танҳо 300 нафар мушовирон оид ба масоили марзӣ боқӣ монданд.
Мӯҳлати Созишноми қаблӣ соли равон ба итмом мерасад ва дар робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи нави созищшнома таҳия гардад, то ки мақоми мушовирони Русия оид ба масоили марзӣ дар Тоҷикистонро муқаррар созад.
Ба иттилои манбаъ, дар музокира аз ду ҷониб намояндагони гурӯҳи кории таҳияву коркарди созишнома, ки муқаррароти будубоши минбаъдаи мушовирони русиягиро муайян месозад, иштирок доранд. Қаблан чанде аз мансабдорони Русия бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистонро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки он дар роҳи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва минбаъд ба Русияву Аврупо садди устуворе хоҳад гузошт, вале Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба хубӣ аз ӯҳдаи муҳофизати марзҳои давлатиаш мебарояд ва аз кишварҳои Ғарб танҳо кӯмаки техникиро умедвор аст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, аз ҷониби Тоҷикистон рад сохтани бозгашти марзбонони рус боиси ба сардӣ гаравидани муносиботи Душанбеву Маскав шудааст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон аз шакли кунунии ҳузури мушовирони Русия оид ба масоили марзӣ низ розӣ нест.
Ғайр аз ин, «Российская газета» «баррасии масъалаи марзҳо дар мулоқоти намояндаи НАТО бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон»-ро низ аз эҳтимол дур намедонад, вале дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфтанд, ки «дар як вақт рост омадани сафари намояндаи махсуси дабири кулли НАТО Ҷеймс Аппатурай ба Тоҷикистон ва оғози марҳилаи сеюми гуфтушуниди Русияву Тоҷикистон оид ба масоили марзҳо як амри тасодуфӣ асту халос».
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста