Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе ташрифи вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюковро интизоранд.

«Интизор меравад, ки вазири мудофиаи Русия рӯзи 24-уми июни соли равон бо сафари дурӯза вориди Душанбе хоҳад шуд», - хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби сафари Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳамчунин мақомоти раҳбарии пойгоҳи низомии муқими Душанбеи 201-уми Русия дар назар аст. «Ҷонибҳо ният доранд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд», - афзуданд дар Вазорати мудофиаи кишвар.