Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафари кории вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-25-уми июни соли ҷорӣ пешбинӣ гардида буд, ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шояд Антатолий Сердюков ҳафтаи оянда ба Душанбе ташриф орад. «Дар бораи санаи мушаххаси сафари вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», - гуфтанд дар вазорат. Роҷеъ ба сабабҳои мавқуф гузошта шудани сафари корӣ маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби сафари Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳамчунин мақомоти раҳбарии пойгоҳи низомии муқими Душанбеи 201-уми Русия дар назар аст. Ҷонибҳо ният доранд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста