Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён зимни азназаргузаронии бағочи ду нафар шаҳрвандони Туркия зимни сафар аз Тоҷикистон ба Афғонистон миқдори зиёди асбоби ороишоти қадимаро дарёфт ва мусодира карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумурки назди ҳукумати кишвар хабар доданд, шаҳрвандони зикршуда бидуни барасмиятдарории асноди дахлдор ният доштаанд, ки 153 сӯзании дастӣ, 14 асбоби ороишоти мӯй, 3 ҷуфт гӯшвора, 2 гарданбанд ва 3 дастпонаро ба хориҷи кишвар баранд. «Мутобиқи хулосаи коршиносони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, асбоби ороишоти мусодирашуда ахири асри 19, миёна ва ахирҳои асри 20 тайёр карда шуда, арзиши фарҳангиву эҷодӣ ва таърихӣ доранд», - афзуд манбаъ.