Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боз ду нафар маҳбусони фирориро, ки моҳи августи соли гузашта аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гурехта буданд, боздошт намуданд. Инҳо зодагони 25-солаи Доғистони Русия – Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиев мебошанд.

Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин масъала изхор дошт, ки ин ду нафар дар қаламрави ноҳияи Ҷиргатол ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дастгир шудаанд. «Дар он ҷо боз як нафари дигар дар муҳосира қарор дошта, бобати боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд», - гуфт ӯ.

Айни замон ҷиҳати боздошти боз 4 нафар маҳбусони фирорӣ корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ анҷом дода мешаванд. Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи августи соли гузашта 25 нафар маҳбусон аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор намуданд. Миёни онҳо чор нафар шаҳрванди Афғонистон, ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, чор нафар шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. То ин дам 17 нафар маҳбусони фирорӣ боздошт ва чор нафарашон кушта шуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда ба анҷом расида, ҳафт нафар маҳбусон ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Се нафар маҳбусон, аз ҷумла Абурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев ба муддати 30 сол равонаи зиндон шуданд. Боз чор нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум гардиданд.