Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба қазияи боздошти рӯзноманигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов изҳор кард, ки айни замон тафтишоти он аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба итмом расида, парванда ҷиҳати омӯзиш ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ирсол шудааст.

Ба гуфтаи Ш.Салимзода, бо дархости президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин парванда як маълумотномаи муфассал таҳия ва ба сарвари давлат пешниҳод мегардад. «Ман аз рӯзноманигорон дархост мекунам, ки то баррасии парванда аз ҷониби мақомоти додгоҳ, хулосаҳои пешакӣ набароранд», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ба гумони узвият дар ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» рӯзноманигори Би-Би-Си боздошт гардид. Баъдан ин айбдорӣ бекор гардида, айбдории огоҳ накардани ҳукуматдорон аз фаъолияти ин ҳизб боқӣ монд.