Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ахири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Маскав ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир мегардад.

Ба қавли ӯ, дар ҷаласа баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо дар бахши ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон, баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳо ва роҳандозии механизми назорат  аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар назар аст.

«Дар нимсоаи аввали соли равон зимни баргузории амалиётҳои муштарак кормандони милисаи Русия 44 нафар шахсонеро, ки дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноёти гуногун мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон супурданд», - мегӯяд А.Қаҳҳоров.

Дар идома вазири корҳои дохилӣ таъкид кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон дар натиҷаи баргузории ду амалиёти муштараки кормандони мақомоти милисаи Русияву Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 12 кило маводи саххтаъсири героини афғонӣ мусодира гардид.